[:tj]Ҷаласае, ки 23 май дар ҷамоати деҳоти ба номи Р. Ҳамробоеви шаҳри Конибодом доир гардид, ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа вобаста ба пешгириву муқовимат бо падидаҳои номатлуб бахшида шуда бошад ҳам, дар меҳвари андешаи иштирокчиён суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа қарор дошт.
Дар чорабинӣ асосан кормандони масъули ҷамоат, раисони кумитаҳои маҳаллаи ҳудуди ҷамоат, ҷавонону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Баъди ифтитоҳи расмии ҷаласа аз ҷониби раиси ҷамоат М. Розиқзода раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом А. Бобоҷонзода, ки дар мулоқот бо Сарвари давлат бевосита иштирок дошт, мазмуну мўҳтавои суханронии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли толор фаҳмонид.
Муовини раиси шаҳр И. Ҳомидӣ диққати аҳли ҷомеаро ба раванди бунёдкорию созандагӣ ҷалб намуд ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад. Таъкид намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ метавонанд дар пешрафту ободонии диёр саҳми арзанда гузошта бошанд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом вобаста ба муҳоҷирати бехатар, муқовимат бо коррупсия ва терроризму экстремизм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, созишномаҳои байни ҳукуматии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон ибрози назар намуд ва аз муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бе касбу бешуғл даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳо дар курсҳои омўзишии Маркази таълими калонсолони шаҳр касбу ҳунар омўзанд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.
Мардон Қурбонов[:]