Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

[:tj] 

Бо назардошти оғоз шудани мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати Ватан, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ ду чорабинии маърифатӣ – иттилоотии ташкилнамудаи худро ба мавзўи тарбияи ҳарбӣ – ватандўстии насли наврасу ҷавон бахшид. Ин мулоқотҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраки Зарафшон ва деҳоти Фондарё доир гардида, аз ҷониби мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Б. Ғайбуллоев ва раисони ҷамоатҳои болозикр О. Самизода ва Ё. Ҷўразода гузаронида шуданд.

Зимни суханрониҳо иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори мудофиавии Ватанамон бамаротиб афзуда, хизмати ҳарбӣ ба мактаби ҳақиқии обутоби ҷисмонии ҷавонон табдил ёфтааст. Имрўз қисмҳои низомӣ барои хизмати шоистаи аскарию афсарӣ тамоми шароити заруриро доранд ва барои саркашӣ намудан аз қарзи фарзандии худ дар назди Модар – Ватан ягон сабабу баҳона мавҷуд нест. Аз ин ҷост, ки сол то сол шумораи ҷавонони бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбираванда рў ба афзоиш дорад. Онҳое, ки бо мақсади гурехтан аз хизмати ҳарбӣ роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш мегиранд, ҳам ба халқу диёр ва ҳам ба волидони хеш хиёнати бузург мекунанд.

Дар ҷараёни чорабиниҳо ҳамзамон масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасии васеъ қарор гирифт. Маърўзачиён аз падару модарон ва дигар иштирокчиёни мулоқотҳо, ки як қисмашон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буданд, даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи ҳарбӣ – ватандўстии насли наврасу ҷавон саҳми шоиста гузоранд ва насли ба маънои томаш ояндасозро ба камол расонанд.

 

                                                                           Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                              дар ноҳияи Айнӣ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо