[:tj]Бо мақсади ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич вохўрии намояндагони Шўрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо шаҳрвандон ташкил гардид.
Мулоқоти мазкур дар толори шуъбаи маорифи ноҳия ҷараён гирифта, дар назди ҳозирин раиси Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Усмонҷон Қобилов, дар ноҳияи Деваштич Ҳошим Азимов, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, профессор Абдумавлон Азимов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Санавбар Баҳодурова суханронӣ карда, муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунгузори ҷумҳуриро фаҳмониданд ва ҳамагонро ба шукргузорӣ аз неъматҳои Истиқлолият ва таҳкими сулҳу ваҳдат даъват карданд.
Чорабинии хотирмонро сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи раиси ноҳия ҷамъбаст кард. Ҳамагӣ дар ин мулоқот 115 нафар намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаашон иштирок доштанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Деваштич
[:]