[:tj]
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят имрӯзҳо аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт ҳам, дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ корҳои муайян роҳандозӣ шуда истодаанд. Дар давоми як рӯз доир намудани ду мулоқот бо шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо метавонад далели ин гуфтаҳо бошад.
Мулоқоти мазкур дар Ҷамоати деҳоти Ашт (тарабхонаи “Орзу”) ва деҳаи Дӯстӣ (тарабхонаи “Эсмиралдо”) бо фарогирии наздик ба 100 нафар дар сатҳи баланд гузашт. Дар доир намудани онҳо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам, Ассотсиатсияи “Зан ва ҷомеа” ва Анҷумани “Пайванд” бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт ҳамкорӣ карданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ Ҳ. Зоҳидов бо маърӯза муаррифӣ намуд. Иштирокчиён ҳамчунин суханронии мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия М. Раҳимӣ, сарвари Маркази ноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам М. Пӯлодов, намояндаи Ассотсиатсияи “Зан ва ҷомеа” Д. Бобокалонова ва намояндаи Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, раиси Анҷумани “Пайванд”дар ноҳияи Ашт Г. Маликзодаро шуниданд.
Мавзӯи асосии баррасишуда дар рафти ҳар ду мулоқот муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо падидаву омилҳои номатлуб, ҳамчунин ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим буд.
Зимни ҷамъбасти чорабиниҳо мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Н. Назарова ба саҳмгузорон ва иштирокчиён миннатдорӣ баён кард.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар
ноҳияи Ашт[:]