Ду чорабинии итилоотӣ маърифатӣ дар як ҷамоат

[:tj]Ҳамагӣ баъди як рўзи баргузории семинарии машваратӣ – иттилоотие, ки 19 ноябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ доир гардид, бахши ноҳиявии Хадамоти муҳоҷират дар ҳамин ҷамоат чорабинии дуюми иттилоотӣ – маърифатиро роҳандозӣ кард. Дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамкорӣ карданд.

Ин навбат дар семинарии машваратӣ иттилоотӣ зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони гуногун касбу кор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ширкат варзиданд. Чорабинӣ дар толори барҳавои ҷамоат дар сатҳи баланди ташкилӣ гузашт ва ба иштирокчиён таассуроти амиқ гузошт.

Дар назди ҳозирин мудири бахши кор бо ҷавонон ва ваварзиши МИҲД-и ноҳия С. Азизов, мутахассиси бахши ноҳиявии Хадамоти муҳоҷират П. Сафармуҳаммад ва сармутахассиси Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд У. Ҳошимова суханронӣ намуданд ва ба саволҳои аҳли толор посух доданд.

Дар рафти чорабинӣ асосан мавзўъҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ баррасӣ шуд.

 

                                                                                         Мардон Қурбонов

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо