Забони миллат – ҳастии миллат

[:tj]Ба гуфти Садриддин Айнӣ «тоҷикон дар асри 10 устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон дар адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор мебошанд».

Ба бахти миллати сарбаланди тоҷик забони модарии мо дар асри 21 дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомию пуштибони ҳақиқии худро пайдо намуд.

Шурӯъ аз соли 2009,  5 октябр ҳамасола чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил мешавад.

Забони тоҷики таърихи бисёрҳазорсола дорад ва дар радифи забонҳои қадимаи ҷаҳон ҷой гирифтааст. Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид мешавад, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷики мебошад. Ин нукта ҳар як фарди маскуни кишварро водор месозад, ки лафзи тоҷикиро дар шакли мукаммал донад ва озодона ба он ҳарф занад.

Масъалаи бо забони давлатӣ сурат гирифтани коргузорӣ дар ҳудуди кишвар тақозо менамояд, ки забони тоҷикиро бо тамоми нозукиҳояш донем ва кор фармуда тавонем. Донистан ва омӯхтани забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти касбӣ аз рукнҳои асосию муҳими айём ба ҳисоб меравад.

Соҳае нест, ки дар он забони давлатӣ истифода нашавад. Аз ҷумла дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ забони асосии коргузорӣ ва муошират забони давлатӣ маҳсуб мешавад.

Бо назардошти ин, дар  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.10.2009, №553 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз 04.09.2011, №458 мунтазам чораҳои амалӣ андешида мешавад.

Дар рӯзи фархунда кулли тоҷикон ва тоҷикистониёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ муборакбод менамоям ва барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу мекунам.

Ҳамзамон аз номи шоир С. Аҷзӣ ёдовар мешавам:

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

 

                                                                      Гулсара Одилова,

                                                    мутахассиси пешбари Бахши молия

                                        ва хоҷагидории Раёсати Хм дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо