[:tj]Забони давлатӣ имрўз дар марҳилаи рушд қарор дорад ва ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки нафосати забони модариро риоя карда, онро аз олудашавӣ ҳифз намояд. Ин матлаб 4 октябр зимни суханронии сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, ба хотири гиромидошти забони давлатӣ дар ин коргоҳ баргузор шуд, баён гардид.
Сардори Хадамот забони тоҷикӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии халқи тоҷик арзёбӣ карда, иброз дошт, ки «забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ нақши асосӣ дорад ва ба ин далел забони миллат асоси бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Мардуми тоҷик бо иродаи қавии худ дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ қабул ва эътироф кардаанд».
Ў қайд кард, ки «имрўз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кўшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем».
Зикр гардид, ки «дар натиҷаи рушду такомули ҷомеа, пайдоиши муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати қабули қонуни нав ба миён омада, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ба сифати забони давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озодонаи дигар забонҳоро, ки дар Тоҷикистон дар муошират ҳастанд амалӣ менамояд».
Дар ҷамъомад ҳамзамон Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагон шоир Гулназар Келди дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, арҷгузорӣ ва тоза нигаҳ доштани он андешаҳояшро баён намуда, ашъори тозаэҷодашро дар васфи забони модарию Ватан ва ҷавонон пешкаши ҳозирин намуданд.
Сипас як зумра кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират Нурулло Ғафуриён, Моҳсанам Маҳмадалиева ва Беҳрўз Ҳакимзода оиди паҳлӯҳои ташаккули забони давлатӣ маърӯза карданд.
Хотиррасон мекунем, ки таҷлили Рўзи забон аз соли 2009 ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.
Анвар Юсупов
[:]