[:tj]Бо мақсади огоҳ кардани ҷавонон аз аҳдофи ғаразноки гурўҳҳои ифротӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо, имомхатибон мулоқоти васеъ баргузор гардид.
Корманди масъули прокуратураи ноҳия оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ иттилоъ дода, дар бораи пешгирии ҳолатҳои гаравиши ҷавонон дар вақти муҳоҷират ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ сухан гуфт ва роҳҳои ҳалли масъаларо пешниҳод кард.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод М.Рашидова аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи доми ифротгарҳо нашаванд.
Анвар Юсупов
[:]