Идомаи корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар вилояти Хатлон

27 апрели соли равон гурўҳҳои кории ситоди дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти муҳоҷират  Каримзода Тоњир ҷиҳати гузаронидани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар мавриди барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба вилояти Хатлон сафар намуданд.

Фаъолияти ситод аз маркази вилоят шаҳри Бохтар оғоз гардида, дар вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират, муовини якуми Раиси шаҳри Бохтар, сардори Раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок доштанд.

Сардори Хадамот дар вохӯрии мазкур, ки дар бинои Ҳукумати шаҳри Бохтар бо иштироки 400 нафар сокинони вилоят баргузор гардид, суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ҳамватанони мо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун фаъолияти худро ба расмият надаровардаанд ва дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва муҳлати будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.

Каримзода Тоҳир дар идомаи суханронии худ, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо хешу пайвандон ва ёру дӯстони худ, ки айни замон дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россияро ба онҳо расонанд, то ба қонунӣ гардонидани ҳуҷҷатҳои худ кору фаъолиятро дар ин кишвар идома диҳанд. Инчунин қонунгузории кишвари қабулро дар самти муҳоҷират риоя намуда, бо гирифтани патент қонунӣ кору фаъолият кунанд.

Ҳамчунин, дар маконҳои таҷамӯи одамон – марказҳои савдо ва бозорҳо вохӯриҳои судманд бо ҷалби шумори зиёди аҳолӣ доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯриҳо ба пурсишҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, маводҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ паҳн гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони Сардори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ситод таъсис гардид, ки он дар доираи гурӯҳҳои корӣ амал менамояд. Ситоди мазкур 19 апрели соли равон кори худро оғоз намуда, мулоқотҳоро бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дода истодааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо