Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар вилояти Хатлон

29 апрели соли равон, гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳи ба ноҳияи Темурмалик сафарбар гардиданд. Вохӯрии нахустин бо иштироки 150 нафар сокинон сурат гирифт. Сипас, гурӯҳи кори корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро дар беморхонаи марказии ноҳия идома доданд, ки дар вохӯрӣ 140 табибон ва духтурони оилави иштирок доштанд.

Лозим ба таъкид аст, ки табибони оилавӣ хона ба хона мегарданд ва ҳамзамон масъалаи ба расмиятдарории фаъолияти муҳоҷиронро ба аҳолӣ мерасонанд.

Инчунин, вохӯриҳо дар ҷамоати деҳоти Танобӣ ноҳияи Темурмалик доир гардид, ки дар он 223 нафар иштирок доштанд.

Дар рафти корҳои иттилотиву фаҳмондадиҳӣ маводҳои фаҳмондадиҳӣ паҳн гардида, масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо фаҳмонида мешавад.

Силсилаи вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо