Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон, 30 апрел Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода, дар бинои маъмурии Ҳукумати ноҳия бо сокинон вохӯрии судманд доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур, муовини раиси ноҳия, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки Сардори Хадамотро ҳамроҳӣ мекарданд, бо иштироки 520 нафар сокинони ноҳия мулоқот баргузор шуд. Дар баромадаш Сардори Хадамот дар хусуси барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаи буду боши онҳо дар Федератсияи Россия шарҳ дод шуд.
Ҳамзамон, қайд карданд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави кишвари Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштаанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ ВКД ФР дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд.
Худи ҳамон рӯз, Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир дар ноҳияи Ҷайҳун дар бинои маъмурии Ҳукумати ноҳия бо сокинон вохӯриву мулоқот баргузор намуд.
Дар назди сокинони ноҳия Каримзода Тоҳир муҳтавои фармони Президенти Россия дар хусуси барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаи буду боши онҳоро дар ин кишвар муфассал маълумот дод.
30 апрел гурӯҳи кории дигари Хадамоти муҳоҷират, ки дар вилояти Хатлон қарор доранд, дар шаҳри Кӯлоб бо сокинон мулоқоту суҳбатҳо доир намуда, дар робита ба барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари Россия суханронӣ намуданд.
Чунин силсила вохӯриҳо аз ҷониби ин гурӯҳи кории ситоди дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг бо теъдоди зиёди сокинони ноҳияҳо низ баргузор гардид.
Дар ин вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи корӣ муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россияро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, ҳамзамон дар байни аҳолӣ маводҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ тақсим намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19» аз 18 апрели 2020, ба таври худкор (автоматӣ) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ дароз карда мешаванд.
Бинобар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, ҳатман ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ ВКД ФР дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия расмӣ намоянд.
Силсила вохӯриҳо бо сокинони вилояти Хатлон идома дорад.