[:tj]Мо, кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ тавассути оинаи нилгун Ҳамоиши панҷуми Машваратӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, тамошо намудем.
Дар ҷараёни ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони давлатҳо мулоқотҳо оид ва баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баргузор намуд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандонаи хориҷии кишвар ва талошҳои арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Имрӯз нуфузи Тоҷикистон ва мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд қарор дорад.
Мо, бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз халқи тоҷик сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии мамлакатро, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад, ҳамаҷониба дастгирӣ намуда дар созандагию ободии Ватан саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар ВМКБ
[:]