ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ, ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФОҶИАИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МАКТАБИ ДУХТАРОНАИ ШАҲРИ КОБУЛИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН ВА ШАҲРИ ҚАЗОНИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОН


Кормандони соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои террористӣ дар мактаби таҳсилоти духтаронаи шаҳри Кобули Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва мактаби шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористонро, ки боиси қатлу куштори хонандагону омӯзгорон гардидааст, шадидан маҳкум менамояд.

Террористон дар ин ҳамлаҳои тарҳрезишуда, беш аз 80 инсони бегуноҳро, ки устодону омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ мебошанд ба қатл расонида, зиндагии ободу зебои хонаводаҳоро бо тирагию мусибат бурданд.

Ин амалҳои ноҷавонмардона, ки дар он аксаран кӯдакони аз 9 то 16 сола ба ҳалокат расидаанд, дар рӯзҳои хатми моҳи мубораки рамазон ва дар арафаи Иди саиди Фитр анҷом шуда, далолат бар он мекунад, ки террористон бо тафаккури ифротгароёнаи худ душмании амиқ бо илму маърифат дошта, фарҳангу тамаддуни инсонӣ ва хираду зиёро заволи салтанати сиёҳи худ медонанд.

Бархӯрди ғайриинсонии террористон бо афроди бегуноҳу беҳимоят, қатлу куштори занону тифлакон ва таркишу даҳшатафкании ифротгароён, ки боиси марги садҳо инсони бегуноҳ, одамони меҳнаткашу заҳматпеша, хонандагону омӯзандагони муассисаҳои таълимӣ мегардад, далолат аз он мекунад, ки террористон душманони башарият буда, ба ҳеҷ қонуну низом, фарҳанги тамаддун ва аркони динию мазҳабӣ мутобиқу мувофиқ нестанд.

Тавре Асосгузори сулҳӯ ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона ва ё таҳаммулгаро буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд.»

Дар воқеъ чунин аст, зеро доираи нақшаҳои разилонаи ин гуна равияву қувваҳои ифротӣ, аъмолеро ҷуз зӯроварӣ, фишороварӣ ба ҳуқуқ ва озодии инсонҳо ва таҳдиду ваҳму даҳшатбарангезиро намедонад. Террористон бо тафаккури пӯсидаву разилонаи худ, душмани фарҳангу тамаддуни инсонӣ буда, мехоҳанд аз тариқи қатлу куштор ва таркишу интиҳор болои миллатҳо тасаллут дошта бошанд.

Вале мо – инсонҳои сайёраро лозим аст, ки бо афкори солими худ, решаҳои инсонию таҳаммулгароиро густариш намуда, бо хираду маърифат ва андешаҳои солим курраи заминро аз шарри гурӯҳҳои ифротию террористӣ эмин дорем. Зеро торрористон на танҳо қотил ё вайронкор, балки ҷиноятпешагони хавфноке мебошанд, ки душмании худро бо инсонҳо, миллатҳо, давлатҳо ва таъриху тамаддуни башарӣ равона намудаанд.

Террористони қотил бо куштани таълимгирандагон, устодон ва як зумра инсонҳои бегуноҳу беҳимоят мехоҳанд, ки қудрати худро дар ҷомеа нишон диҳанд, аммо яқинан бояд эълон намуд, ки ин амали ғайриисломию ғайриинсонӣ далолат аз заъифӣ, ҳақирӣ ва нотавонии гурӯҳҳои террористӣ дар ростои фарҳангу маънавият ва донишу ақлу хирад мебошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амалҳои террористиро, ки дар ду кишвари дӯсту бародар: Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон анҷом шудааст, бори дигар қотеона маҳкум намуда, дар ин лаҳзаҳои сахту сангин ба хонадони кушташудаҳо изҳори ҳамдардӣ менамояд.

Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо