Истифодаи самаранок аз имкониятҳо

[:tj] 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ таҷрибаи фаровон дошта, барои тақвият бахшидани ташвиқоту тарғибот дар байни аҳли ҷомеа аз имкониятҳо босамар истифода мебарад. Мудири бахш Санавбар Баҳодурова аъзои гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҲХДТ буда, дар рафти ҳама гуна маҷлису мулоқот бо аҳолӣ ҳатман дар назди иштирокчиён суханронӣ менамояд.

Аз ҷумла дар конференсияи ғайринавбатии 20-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич, ки рӯзи 19-уми август бо иштироки 174 нафар аъзоёну фаъолон ва алоқамандони ин ҳизб доир гардид, дар радифи муовини раиси ноҳия Г. Нуруллозода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд О. Зоидов ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ К. Исмоилиён мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова низ вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории «Коронавирус» маърӯза кард.

Падидаи ҷолиб он аст, ки дар баробари чорабиниҳои калонҳаҷм ва гардиши ҳавлӣ ба ҳавлӣ дар миқёси ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар ҳуҷраи корӣ ва мавзеъҳои барои муҳоҷирони экологию дохилӣ ҷудошуда ҳам ба роҳ мондааст. Бино ба иттилои мутахассиси пешбари бахш Сайёд Одинаев шаҳрвандон на танҳо барои санҷидани шиноснома ва муайян кардани вазъи ҳуқуқиашон, балки махсус барои гирифтани маълумот оид ба муҳоҷирати бехатар ҳам ба бахш муроҷиат менамоянд.

 

                                                                Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                             дар ноҳияи Деваштич

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо