Иштирок дар барномаи телевизионӣ

[:tj]6 сентябр барномаи навбатии «Мавқеъ»-и телевизони вилояти Суғд ба рафти татбиқи лоиҳаи «Маданияти шаҳрдорӣ» бахшида шуд. Чуноне ки аз номи лоиҳа пайдост, он асосан ба баланд бардоштани маданияти шаҳрдории шаҳрвандон бахшида шуда, тарғибгари тарзи солими ҳаёт мебошад. Мақсад аз татбиқи лоиҳа пешгирии падидаҳои номатлуб, ҷалби диққати аҳолӣ ба масъалаю мушкилоти доғи рӯз, даъват ба бунёдкорию созандагӣ ва  ваҳдату якдилист.

Дар барномаи навбатии телевизионӣ намояндагони мақомоти корҳои дохиливу ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маъракаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Равшанҷон Раҳимов намояндагӣ кард.

                                                                  Раёсати ХМ дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо