Иқдоми   бонкдорон

[:tj]Дар ҳошияи вохӯрии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  кормандони  гумрук,  молия  ва  бонкҳо  дар толори хурди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии   ноҳияи Шуғнон вохӯрии Сардор  ва  муовини  бонки  миллӣ  дар  ВМКБ  бо  идораву  муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Нишасти  мазкурро  муовини  раиси ноҳия ҳусни ифтитоҳ бахшида  суханро ба муовини раиси бонки  миллии  минтақаи  бадахшон  Мирзошоев  Р  дод. Мавсуф  ба  таври фишурда оид ба ҳадафи вохӯрӣ маълумот дода  иштирокдоронро ба мубоҳисаи фаъолтар даъват намуд.

Баъд аз баромади баъзе идораву муассисаҳо Сардори «Амонатбонк» -и  №74 дар ноҳияи Шуғнон оид ба фаъолияти бонк маълумот дода қайд кард,  ки  дар  хизматрасонии бонк то ба ҳамин рӯз проблемаи  ҷиддӣ ба вуҷуд  наомадааст ва дар хизматрасонӣ тавассути кортҳои пластикӣ ба мизоҷон  расонида шуда истодааст.

Баъд аз саволу ҷавоб Сардори  бонк  миллӣ  дар  ВМКБ  (Қоимдодова З) таъкид бар он дошт, ки азбаски дар қаламрави ноҳия бонкҳои дигар  «Тоҷиксодиротбонк»  ва  «Агроинвестбонк»  аз фаъолият  бозмондаанд ва  ҳамаи хизматрасониҳо танҳо тавассути «Амонатбонк» – и  ноҳия пешниҳод  мегардад кормандони ин бонк бояд бо масъулияти дучанд хизматрасониро  ба  мизоҷон алалхусус нафақахӯрон ва маъюбон ба роҳ монда  бо  дили  соф  хизмат намоянд ва ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд.

Инчунин дар асоси пешрафти технологияи муосир супоридани  андозро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монанд.

Вохӯриро  муовини  раиси  ноҳия  Саидарабзода  Г  ҳусни  ифтитоҳ бахшида  аз  номи  Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии   ноҳия ва аҳли нишаст ба меҳмонон барои чунин  як  вохӯрии  муфид  изҳорӣ  миннатдорӣ баён  намуд.

 

                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                дар ноҳияи Шуғнон

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо