[:tj]
Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, кормандони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, Маркази тарзи ҳаёти солим ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар назди бозори «Панҷшанбе» ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ COVID-19 гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷиш ва огоҳикунандаро пурзўр карда, иқдоми муштарак баргузор намуданд.
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Хуҷанд таъкид карда шуд, ки яке аз василаҳои эмин мондан аз ин беморӣ бе зарурат ба кўча набаромадан аст. Аз ҷониби гурўҳи мазкур таввасути радиоузел пайиҳам тавсияҳо дода шуданд.
Мутаассифона, дар ҳудуди бозор ҳарчанд маъмурияти бозор лавҳаи огоҳкунанда насб намудааст, вале аз ҷониби баъзе фурўшандаҳои нуқтаҳои савдо бепарвоӣ зоҳир мешавад. Дар ҳудуди бозор бе ниқоб ва лавозимоти санитарӣ машғул шудан ба фурўши молу маҳсулот ба назар мерасад, ки ҳайати корӣ бо ин нафарон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронид.
Дар баробари фурўшандаҳо шаҳрвандоне низ мушоҳида шуданд, ки ба ҳифзи саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда, бе ниқоб гаштугузор намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекарданд.
Аз ҷониби гурўҳи корӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди «коронавирус» дар даромадгоҳи бозор мутасаддиён вобаста шудаанд, ки баъди санҷиш бо дастгоҳи ҳароратсанҷ ва истифодаи маҳлули антисептикӣ иҷозати вуруд ба бозор медиҳанд, ташкил карда шуд.
Дар фарҷоми иқдом ба харидорону фурўшандагони бозори «Панҷшанбе» ниқобҳои муҳофизатӣ, инчунин варақахои таблиғотӣ тақсим карда шуд.
Имрўзҳо МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дўкону мағозаҳои хўроки умумӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири «коронавирус»-и нави КОВИД-19 пай дар пай корҳои фаҳмондадиҳиро пурзўр намуда истодаанд.
Умедахон Ҳошимова
директори МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии
пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд[:]