Иқдоми муштарак дар ҷамоати деҳоти С.Айнӣ

[:tj] 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати пешгирии бемории сироятии «коронавирус» (COVID-19) якҷоя бо КИ ҲХДТ ва  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар деҳаҳои Шаршара ва Пурзоботи ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳия иқдоми  муштарак барпо намуданд.

Гуруҳи таблиғотӣ аз ҳисоби ихтиёрон бо мақсади гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ дар деҳаҳои мазкур бо усулҳои “Хона ба хона” ва “Рӯ ба рӯ” вохӯрӣ доир намуда, бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории «каронавирус», худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ, ба шуғл, алалхусус ба китобхонӣ фаро гирифтани бачаҳо дар давраи таътил ва дигар масъалаҳои доғи рўз  суҳбатҳо гузаронида шуд.

Ҳамчунин ба сокинони деҳаҳои Шаршара ва Пурзобот дар ҳолатҳои зарурӣ чӣ тавр ва ба куҷо муроҷиат намудан  ва  нишонаҳои пайдошавии бемории сироятии «коронавирус» фаҳмонида шуда,  ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ  оид ба пешгирии бемории COVID-19 ба сокинон тақсим карда шуд.

Чунин  суҳбату вохўриҳо бо сокинони дигар щаҳраку маҳаллаҳои  ноҳияи мазкур ба роҳ монда мешаванд.

                                                                            Олимзода Орифҷон Олим

                             мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо