Иқдоми навбатии ҶДММ «Мирзо ва К»

[:tj]Соли равон аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд чун дар соли қаблӣ дар самти бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо ва К» фаъолнокӣ зоҳир намуда истодааст.

Тибқи маълумотҳо давоми моҳҳои январ – феврал ширкати мазкур 66 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар вилоятҳои Москва ва Волгогради Федератсияи Россия бо кори мавсимии кишоварзӣ таъмин намуд, ки 60 нафарашон мардон ва 6 нафарашон занон мебошанд.

14-уми март рӯйхати гурӯҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ барои бо ҷои кор таъмин намудан дар хориҷа аз ҷониби ҶДММ «Мирзо ва К» бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа карда шуд.

Чуноне ки зимни мусоҳибаи кӯтоҳ Қуранбой Маҳмудҷонов ва Соҳиба Қуранбойзода ба ҳайси шахсони ба сафарбаркунӣ масъул баён доштанд, ин гурӯҳи 30-нафара пурра аз ҳисоби сокинони ноҳияи Спитамен фароҳам омадааст, ки таҷрибаи фаровони деҳқонӣ доранд.

Тибқи созишномаи меҳнатии байни кордиҳанда ва муҳоҷирон басташуда онҳо дар ноҳияи Дмитрови вилояти Москва бо ҷои кор дар соҳаи кишоварзӣ таъмин мешаванд ва муҳлати муҳоҷираташон 11 моҳ мебошад.

Ширкат барои сафарбаршавандагон расмикунонии ҳуҷҷатҳо, таъминот бо ҷои зисту либоси корӣ ва кори маоши хуб доштаро кафолат додааст.

 

                                                                                         Мардон ҚУРБОНОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо