[:tj]
Дар пайравӣ ба иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳтиёҷмандон бо мусоидати Намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷўён, ки дар вазъи карантин қарор доранд, кумаки хайрия расонида шуда истодааст.
18 майи соли равон дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони ФР бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Россия, Консулгарии генералӣ ва дастгирии бевоситаи Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Сомониён”-и шаҳри Уфа, ба донишҷўён муҳоҷирони меҳнати, ки дар ҳолати карантинӣ қарор доранд, кумакҳои моддӣ дар намуди маводҳои хўрокворӣ расонида шуд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии ҶТ дар Федератсияи Россия
[:]