Каримзода Тоҳир: Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои худро фаромӯш насозед

28 апрел, пас аз нисфирӯзӣ гурӯҳи кории ситоди Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир ҷиҳати гузаронидани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар мавриди барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш ташриф оварда як силсила вохӯриву мулоқотҳои судманд бо сокинон барпо намуданд. Сардори Хадамотро муовинони раиси ноҳияҳо, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳӣ намуданд.

Вохӯрии судманд дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки 200 нафар, дар масҷиди ҷомеъи ноҳия бо иштироки зиёда аз 300 нафар ва муассисаи таълимии мактаби умумии №56-и шаҳраки Вахш бо иштироки зиёда аз 400 нафар сокинон баргузор гардид. Зимни баромади хеш Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир аз ҳозирин даъват намуд, ки бо хешу пайвандон ва ёру дӯстони худ, ки дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россияро ба онҳо расонанд, то бо қонуни гардонидани фаъолияти худ дар ин кишвар, ба кору фаъолияти меҳнатии худ идома диҳанд, қонунгузории кишвари қабулро дар самти муҳоҷират риоя намуда бо гирифтани патент расмӣ кору фаъолият намоянд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ба иштирокчиён маводҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дастрас гардид ва дар фарҷом ба саволҳои шаҳрвандон дар робита ба муҳоҷират аз тарафи масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Вохӯриву мулоқотҳои навбатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо