[:tj]Дар филми мустанади “Хиёнат” наворҳои гуногуни инъикоси муборизаи гурӯҳи манфиатдор, ки бо роҳи зӯрӣ хоҳиши соҳиб шудан ба кишвари Тоҷикистон ва идора кардани мардуми онро дошт, низ аён ба чашм расид. Ҳол он ки онҳо намедонистанд, хоҳу нохоҳ некӣ бар бадӣ ғолиб меояд чунин ҳам шуд.
Тамошои филм мо кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”дар шаҳри Душанберо лаҳзае ба он солҳои мудҳиш бурд. Ҳарчанд тарсу ваҳми мардум, талош барои дарёфти як бурда нон, сарсонию саргардонии атрофиёнро хуб дарк мекардем. Ин лаҳзаҳо мисли навори видеоӣ доимо пеши назари мост. Ҳоло ҳам дар вақти имрӯзаи серию фаровонӣ ҳар боре ба мағозаи пур аз намуди нонҳо ва ё кулчақандҳо медароем, он солҳо ба хотир мерасанд.
Кормандони марказ филми мазкурро якҷоя бо кормандони Хадамоти муҳоҷират бо иштироки худи Шумо тамошо карда, бисёр лаҳзаҳои ногувори ҳаёти давраи ҷанги шаҳрвандиро ( 1992-1997) диданд. Маълум шуд, ки аз тарафи собиқ ҳизби мамнуъ эълон кардашудаи ҲНИ бисёр амалҳои даҳшатнок аз қабили зуроварӣ, куштор, сӯиқасд ба ҷони зиёиёни машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ватани азизамон ба анҷом расонида шудааст.
Нанговар он аст,ки худи онҳо худро тоҷику мусалмон шуморида, лекин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ амалҳои террористию экстремистиро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда ба сари халқи худ азобу шиканҷаи зиёд оварданд. Чи тавре ки дар халқият мегӯянд: “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Роҳбарон ва намояндагони ҲНИТ низ ба мақсад нарасиданд, ҳизбашон аз тарафи мақомоти дахлдори давлатиамон баста шуд ва худ дар ба дар шуда, аксарашон тибқи қонунҳои амлкунанда ҷазои худро гирифтанд. Имрӯзҳо ин Ватани азизи мо бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта истодааст, собиқ аъзоёни ҳизби наҳзат аз давлатҳои хориҷӣ истода ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ идеологияи нопоки худро паҳн карда истодаанд.
Мо зиёиёни миллати тоҷик якҷоя бо дигар ҳамватанони кишварамон намегузорем, ки дигар онҳо ватани моро халалдор намоянд. Мо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллати худро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.
Дар фарҷом шеъри шоир Саидбег Саидӣ, ки “Ин давлати сомонӣ” ном дорад, ба ҳузури хонандагон мегузорем. Шеъри мазкур ҷавоб ба ҳамаи амалҳои зишти душманони миллати тоҷик бар зидди давлат ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Эй душмани раҳмонӣ, бебаҳра зи виҷдонӣ,
Бо хислати шайтонӣ, вайронгари инсонӣ.
Эй рӯбаҳаки маккор, ҳастӣ ту басе ғаддор,
Тоҷик бувад чун шер, ту душмани шеронӣ.
Гуфтӣ, ки яке суғдӣ, дигар бувад аз хатлон,
Аз ваҳдати тоҷикон ту ҳеҷ намедонӣ.
Фархорию ғармӣ ҳам ҳамзоди Зарафшонанд,
Моем ҳама яктан суғдию бадахшонӣ.
То чанд кунӣ такрор он шеваву он рафтор,
Шармет намеояд аз он ҳама қурбонӣ.
Бо ин ҳама заҳҳокӣ, бо зиштию нопокӣ,
Оё ту аз ин хокӣ? Ин аст мусулмонӣ?!
Он рӯз ҳама буданд дилхаставу бишкаста,
Имруз ҳама ҳастанд дар амну фаровонӣ.
Бо лутфи худовандӣ сулҳ аст дар ин сомон,
Ҳар рӯз ба сомон бод ин Давлати Сомонӣ.
Саидбег Саидов
директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии
пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе [:]