КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо кормандони дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират вохўрии навбатӣ баргузор намуданд

[:tj] 

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақшаи чорабиниҳо омода намуда, дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия суҳбату вохўриҳо доир менамояд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода дар вохўрӣ бо кормандони дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират иброз намуд.

Дар ҳамоиш иштирокдорон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастурамали корӣ  фарогири самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад.

Аз ин лиҳоз раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша вохўриҳоро баргузор намоянд, таъкид намуд Зулфиқор Гулаҳмадзода.

Аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Муҳоҷир» даъват ба амал оварда шуд, ки бо такя ба неруи тавонои хеш дар тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол бошанд ва баҳри татбиқи онҳо кўшиш намоянд.

Дар охир ба чанд нафар кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират шиносномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин, аз номи Сардори Хадамоти муҳоҷират раиси ташкилоти ибтидоӣ ҲХДТ «Муҳоҷир» Тоҳир Каримзода ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Вализода Муҳаммад барои фаъолияти пурсамарашон «Сипоснома»-и ташкилоти ибтидои «Муҳоҷир»-ӣ Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

                                                                                              Анвар ЮСУПОВ

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо