Кодекси одоби хизматчии давлатӣ

[:tj]Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи  машғулиятҳои  омӯзишӣ дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе,  30 июли  соли  равон машғулияти навбатӣ дар мавзӯи таҳлили моддаҳои Кодекси одоби хизматчии давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо даъвати роҳбарияти Раёсат сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва  хизмати давлатӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад дар назди кормандон маърӯза  намуда, ба иштирокчиён  мафҳум ва  моҳияти  моддаҳои  Кодекси  одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра фаҳмонида, ба  саволҳои  кормандон  ҷавобҳои  мушаххас дод.

Дар қисмати ҷамбастии машғулият баромадкунанда иброз намуд, ки иҷрои талаботҳои Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти умумиҳатми дошта, дар ҳолати  иҷро нагардидани он, муқаррарот ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ намудааст.

Лозим ба ёдовари аст,  ки  чунин  машғулиятҳо бо ҳайати шахсии   Раёсат ҳар ҳафта баргузор гардида, барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандон ва ғани гардонидани фаъолияти ҷаҳонбинии  хизматчиён заминаи мусбӣ мегузорад.

                                                         Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                         дар шаҳри Душанбе[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо