Конференсияи байналмилалӣ

[:tj]Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Маҳз бо назардошти ин, соли равон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои маълумӣ эълон гардид, ки ба ин муносибат имрўзҳо чорабиниҳои мухталиф доир мешаванд.

Аз ҷумла, 5 амйи соли ҷорӣ бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон: имкониятҳо ва рушд» доир гардид.

Баъди ифтитоҳи расмии чорабинӣ аз ҷониби раиси кумиҷроия Наим Маликисломов вобаста ба мавзўъ олимону устодони макотиби таҳсилоти олии касбии маркази вилояти Суғд Ҷамшедхон Тюраев, Мунира Тошматова, Марина Сафарова, ҳамзамон раиси комиссия оид ба муносибати байни миллатҳо ва озодии виҷдони Палатаи ҷамъиятии вилояти Иркутски Федератсияи Русия Алексей Гордин суханронӣ намуданд. Дар интиҳои конфронс мубоҳисаи озод доир шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғдро дар ин чорабинӣ аъзои фаъоли ҲХДТ, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Равшанҷон Раҳимов намояндагӣ кард.

                                                                                         Мардон Қурбонов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо