Конференсияи илмӣ – назариявӣ

[:tj]29-уми август бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Солимӣ» конференсияи илмӣ – назариявӣ доир гардид.

Чорабинӣ таҳти унвони «Тақвияти ҳамкориҳо дар самти паст гардонидани шиддати паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббию – ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ» дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри саноатии «Гулистон» дар сатҳи баланди ташкилӣ гузашт. Кормандони дастгоҳи Раёсат, ташкилоти ҷамъиятии «Солимӣ» ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, намояндагони раёсату шуъбаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и вилоят, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, марказҳои вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо бемории СПИД, солимгардониии репродуктивӣ ва ташаккули тарзи солими ҳаёт, ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамкор, раисони кумитаи маҳаллаҳои маркази вилоят, собиқадорони меҳнат, фаъолони ҷомеа ва намояндагони васоити ахбори омма аз ҷумлаи иштирокчиёни он буданд.

Конференсияи илмӣ – амалӣ бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ оғоз ёфт. Мавсуф иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт, бо барномаи чорабинӣ шинос кард,  бо истифода аз фурсат ба муносибати идҳои дарпешистодаи Қурбон ва 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон саодату сарбаландӣ ва хушрӯзию хонаободӣ хост.

Ҳамзамон ў оид ба ҳамкории босамари Раёсат бо ташкилоти ҷамъиятии «Солимӣ» маълумоти муфассал дод. Таъкид намуд, ки ин ҳамкорӣ аз оғози татбиқи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар амал» ҷараён дорад. Давоми солҳои сипаришуда  дар самтҳои ташвиқу тарғиби тарзи солими ҳаёт ва муҳоҷирати бехатар, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббию ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, ташкили семинарҳои маърифатӣ ва дӯконҳои саломатӣ, таҳияву чопи маводҳои ташвиқотӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирзанон корҳои ҷолиб ба анҷом расид. Дар интиҳои суханронии худ сардори Раёсат изҳори умед намуд, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд боз ҳам тақвият меёбад ва самараи бештар медиҳад.

Доир ба рафти татбиқи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар амал» дар миқёси вилоят ҳамоҳангсози ташкилоти ҷамъиятии «Солимӣ» Маъсумахон Шарипова маърӯза кард. Аз рӯи иттилои ӯ татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2015 оғоз ёфта, маблағгузори он Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия давлати асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад ва дар он ҷо тартиби махсуси хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони хориљӣ амал менамояд. Мутаассифона, бисёрии муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби надонистани онҳо ба мушкилӣ дучор мешаванд. Бо назардошти ин, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Равшанҷон Раҳимов дар баромади худ бо истифода аз схемаю таблитсаҳо ин қоидаҳоро шарҳу эзоҳ дод, то иштирокчиён дар рафти фаъолияти минбаъдаашон онҳоро ба аҳли ҷомеа фаҳмонанд.

Дар идомаи конференсияи илмӣ – амалӣ оид ба усулҳои нигоҳдории саломатӣ таҳти унвони «Ҳифз ва беҳдошти саломатии занон» сарвари Маркази солимгардонии репродуктивии вилоят Раъно Меҳмонова маърӯза кард. Мавсуф қайд намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 20 номгӯӣ бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, имрӯз аксар вақт заноне, ки аз ҳудуди ҷойи зисти истиқоматиашон беруннашуда бо айби шавҳарони дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифторшудаашон мубталои чунин бемориҳо, аз ҷумла ВМНО (СПИД) мешаванд. Бинобар ин, лозим мешуморад, ки баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Қисмати дуюми чорабинӣ аз саволу ҷавоб ва мубодилаи озоди афкор иборат буд. Оид ба масъалаи баррасишаванда собиқадори меҳнат, сарвари Шӯрои машваратии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ Ш.  Ҳасанова, сарвари Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВМНО, номзади илми тиб А.С. Абдуев, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» М. Бафоев, сарвари Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим З. Хоҷаева, коршиноси масоили оилавӣ Р. Бобоева, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят С. Расулова ва дигарон изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён чанд таклифу пешниҳод ба унвони ташкилкунандагони конференсия манзур гардид.

Қабл аз ҷамъбасти чорабинӣ чанд номгӯӣ дастурамал ва дигар маводҳои ташвиқотию тарғиботии омоданамудаи ташкилоти ҷамъиятии «Солимӣ» муаррифӣ ва ба иштирокчиён тақсим карда шуд.

 

                                                                     Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо