[:tj]
Сокинони шаҳри Исфара аз қадимулайём бо меҳнатдӯстӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиашон маълуму машҳур буда, дастгирии ниёзмандон ва иҷрои амалҳои хайру савоб барояшон хос мебошад. Аз ҷумла, дар давраи паҳншавии бемории сироятии “Коронавирус” соҳибкорону саховатмандони исфарагӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар тхориҷи кишварамон як силсила корҳои хайриявиро ба роҳ монда, дар радифи табақаҳои ниёзманд ва оилаҳои камбизоат муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва кормандони онҳоро аз ҷиҳати моддиву молиявӣ дастгирӣ намуданд. Боиси қайд аст, ки иқдомҳои ватандӯстона ва амалҳои хайру савоб аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо низ роҳандозӣ мешавад.
Чунончи рӯзи 5-уми август шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи 2-юми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва Шӯрои ҷамъиятии Чоркӯҳ ба Маркази саломатии деҳаи Чоркӯҳ маводҳои муҳофизатӣ – гигиенӣ тақдим намуданд.
Баъдан бо ҷалби сокинони ҳама маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ чорабинии маърифатӣ – иттилоотӣ доир гардид. Дар назди иштирокчиён сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов низ суханронӣ намуда, онҳоро ба муттаҳидию сарҷамъӣ ва ривоҷи бунёдкорию созандагӣ даъват кард.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Исфара
[:]