Кормандони марказҳои машваратӣ бо шаҳрвандон суҳбатҳои сарироҳӣ мегузаронанд

[:tj] 

Бо ташаббуси МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд бо сокинони шаҳр дар назди бозори Панҷшанбе, макони серодами ҷамъиятӣ ва кӯчаву маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои сарироҳиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» COVID-19 ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» анҷом дода истодаанд.

Зимни баргузории суҳбатҳо таъкид карда мешавад, ки волидайн кӯдакони хурдсол ва мактабхонашонро дар вақти таътили муваққатӣ беназорат нагузошта, онҳоро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва машғул шудан ба варзиш ҷалб намоянд.

Ҳангоми муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қоидаҳои тавсия кардаи табибон риоя намуда, саломатии худу дигаронро зери хатар нагузоранд.

Ҳамзамон дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони марказ ба сокинон ба таври ройгон 100 адад ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, маводҳои иттилоотиву тарғиботӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуда, дар ин самт чорабиниҳо идома доранд.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассири мубориза бар зидди бемории сироятии «Коронавирус» COVID-19 таҳия ва амалӣ карда шуда, вазъи эпидемиологии мамлакат ба эътидол омада истодааст. Ҳамагон пайваста кушиш менамоянд, ки дар самти пешгирии ин вабои аср саҳмгузор бошанд. Вазъи ба амаломада мардуми худогоҳу ватанпарварро бетараф намегузорад.

                                        МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                            аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш. Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо