[:tj]Новобаста аз ивазшавии боду ҳаво, ҳамарўза кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе, серкоранд.
Кормандони масъули Шуъба дар фурудгоҳ Исмоил Бегаков, Фаридун Раҳматов ва Шоҳин Баротов дар иҳотаи муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафари Русия доранд қарор дошта, оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия сўҳбатҳои муфид мегузаронанд.
Бояд арз намуд, ки кормандони Шуъба ҳамеша дар роҳи ҳарчи хубтару беҳтар кўмак намудан ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Агар Исмоил Бегаков дар толори бозгаштӣ, шаҳрвандоне, ки аз минтақаҳои Федератсияи Русия бармегарданд, пешвоз гирифта бо онҳо сўҳбатҳо гузаронад, Фаридун Раҳматов бошад, корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар толори марказӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ мебарад. Ҳарду бо як масъулияти баланди касбӣ, вазифаи ба душ гирифтаи худро иҷро мекунанд. Аз ин ҷост, ки аз кору рафтори онҳо қариб ҳамаи шаҳрвандоне, ки азми сафари кишвари Русияро доранд, розианд.
Аз ҷониби худ кормандони Шуъба саъю кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамаҷониба ба шаҳрвандон кўмак намуда ба онҳо маслиҳатҳои муфид диҳанд, тарзи пуркардани варақаи муҳоҷиратиро нишон дода, маҷбур мекунанд, ки ҳар яки онҳо мустақилона ин варақаро пур кунанд. То, дар фурудгоҳҳои Русия азоб накашанд.
Кормандони Шуъба ҳамеша ба сафаркунандагон муроҷиат намуда мегўянд, ки кўшиш кунанд ҳарчӣ зиёдтар дар бораи тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федеролии Русия хабардор шаванд. Ҳар як муҳоҷири тоҷик аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия бомуваффақият имтиҳон супорида соҳиби Сертификат шуда, дар кишвари будубош патент гирифта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд. Ин ягона мақсади кормандони Шуъба мебошад.
Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки пеш аз сафар, ҳар як сокини мамлакат, дар навбати авал дар кишвари Русия ҷойи кор ёбаду, онро аниқ намуда, омодагии хуб дида, баъд ба сафар барояд. Вагарна, дар кишвари бегона ба азобу уқубат дучор хоҳанд шуд.
Ҳамватанони азиз! Ҳамеша бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошед!
Шоҳин Баротов
корманди масъули Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе.[:]