21 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоату деҳоти шаҳри Роғун корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳи бо ҷалби доираи васеъи шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ҷарайёни корҳои иттилоотиву фаҳмондадҳӣ масъалаи қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба самъи аҳолии деҳаи Қалъаи нави ҷамоати Қади об ва ҷамоатҳои Оби гарм расонида шуд.
Инчунин, гурӯҳи кории дигари ситоди Хадамоти муҳоҷират дар байни аҳолии ноҳияи Тоҷикобод корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ доир намуданд. Гурӯҳи кории дигар ба шаҳри Ҳисор сафарбар гардида, дар масҷид, бозор ва дигар маконҳои таҷамӯи одамон бо ҷалби тақрибан 500 нафар корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Ҳамчунин, корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе низ доир гардид, ки дар ҷарайёни он масъалаи қонунигардонии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Қайдкардан ба маврид аст, ки дар доираи сафарҳои мазкур аз ҷониби гурӯҳҳои кории ситоди Хадамот маводҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ паҳн гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ситод таъсис дода шуд, ки дар доираи гурӯҳҳои корӣ амал менамояд. Ситоди мазкур 19 апрели соли равон кори худро оғоз намуда, гурӯҳҳои корӣ ҳамарӯза ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар мегарданд.