Корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷоннок мегардад

Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва раёсат, шуъба ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ситод таъсис дода шуд.

Сидоти мазкур дар доираи гурӯҳҳои корӣ амал намуда, дар байни аҳолӣ ҳамарӯза корҳои иттилоттиву фаҳмондадиҳӣ баргузор менамояд,  мӯҳтавои фармони Президени Федератсияи Россия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID-19” аз 18 апрели соли 2020-ро ба самъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мерасонанд.

Ситоди дастгоҳи марказии Хадамот аз се курӯҳи корӣ иборат буда, аз 19 апрели соли равон кори худро оғоз намуд ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо