Корҳои иттилоотӣ дар Мастчоҳ

[:tj]Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ тибқи барқияномаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 12.05.2017 дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа мунтазам чорабиниҳои маърифатӣ доир намуда истодааст.

Чунончӣ, 21.09.2017 дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо иштироки зиёда аз 50 нафар шаҳрвандон мулоқот доир гардид, ки мавзӯи асосии он пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро буд.

Дар назди ҳозирин мутахассиси пешбари Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ М. Ҷумъаев суханронӣ намуда, оид ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар маълумот дод ва аҳли толорро барои ҳамкории босамар бо диаспораҳои ҳамватанон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб ва ривоҷи бунёдкорию созандагӣ даъват кард. Ҳамзамон ба саволҳои додаи иштирокчиён посух гуфт.

Ҳамин гуна чорабинӣ 2 октябр бо иштироки 60 нафар шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Палдорак низ доир шуд.

 

                                                                   Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар ноҳияи Мастчоҳ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо