[:tj]
Тибқи супориши Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич низ нақшаи корҳои иттилоотию маърифатии муштаракро бо шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон масҷиди ҷомеи ноҳия ба номи Абубакри Сиддиқ ба тасвиб расонида, корбариро аз рӯи он дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дода истодааст.
Ҳамингуна чорабинии муштараки иттилоотӣ – маърифатӣ чанде пеш дар хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Далёни боло бо ширкати 150 нафар шаҳрвандон гузаронида шуд.
Дар назди аҳли толор муовини раиси ноҳия А. Ҳодиев, сардори шуъбаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҳотамов, сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Эмомзода, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии МИҲД-и ноҳия Б. Абдуллозода, сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи А. Сиддиқ – Н. Бобохонов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова ва сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим К. Тӯйчиев суханронӣ намуданд.
Дар рафти суҳбати озод як гурӯҳ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда фикру андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳояшон посух гирифтанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Деваштич
[:]