Корҳои иттилоотӣ дар Ҷамоат

[:tj]Бо ибтикори Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо Раёсати кишоварзӣ, нозироти андоз, хоҷагии оби полезӣ ва Ҷамоати деҳоти Сурх чорабинии иттилоотии мушатарак гузаронида шуд.

Раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон, кормандони маркази саломатӣ, имомонхатибон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо, ҳамзамон фаъолони Ҷамоат аз ҷумлаи иштирокчиёни чорабинӣ буданд.

Дар радифи дигар баромадкунандагон мутахассиси Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ваҳобзода дар назди иштирокчиён суханронӣ намуда, оид ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар маълумот дод ва аҳли толорро барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб ва ривоҷи бунёдкорию созандагӣ даъват кард.

Баъди шунидани баромадҳо дар байни иштирокчиён ва баромадкунандагон музокира барпо гардид.

                              Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо