18 июни соли равон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии сохторҳои вазорат дар ноҳияи Роштқалъа шинос гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур бо маром идома дошта, айни замон қабати сеюми он омода шуда истодааст.
Ба масъулин барои тезонидани суръати кор, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ва то муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани он супориш дода шуд, ки тибқи он бояд сохтмончиён минбаъд дар ду баст кор кунанд.
Дар ин сафар вазирро Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Имматшозода Анвар Имматшо ва раиси ноҳияи Роштқалъа Назаршозода Лоиқ ҳамроҳӣ намуданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон