Корҳои ташвиқотию тарғиботӣ идома дорад

[:tj]Дар радифи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд давоми ҳафтаи равон корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар байни муроҷиаткунандагон низ ба роҳ монд.

Новобаста ба муваққатан манъ будани рафту омади шаҳрвандон ба хориҷа, ҳамарӯза чандин нафар шаҳрвандон барои муайян намудани вазъи ҳуқуқиашон дар Федератсияи Россия ва санҷидани шиносномаашон ба шуъба ташриф меоранд.

Тибқи иттилои мутахассиси пешбари шуъба Адиба Саттор давоми ҳафта зиёда аз 30 нафар бо ҳамин масъала ба шуъба муроҷиат намуданд. Ба онҳо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ва пешгирии бемориҳои гузаранида фаҳмонида, маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

 

                                                                 Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                   дар шаҳри Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо