Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷират ва КИ ҲХДТ ноҳия

[:tj] 

 

         Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб дар байни сокинон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба кӯча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо ҲХДТ дар ноҳия ба сокинони ҷамоату деҳот, боғу гулгашт, дӯкону мағозаҳои хӯроки умумӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири «Коронавирус»-и нави КОВИД-19  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Зимни гузаронидани корҳои профилактикӣ мушоҳида гардид, ки дар баъзе боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон  одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд. Ин ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз, ҳамагонро зарур аст, ки қоидаҳои тавсияшударо  ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳо дар паҳлӯи гурӯҳи таблиғотӣ фаъолият мекунанд, бисёр назаррас мебошад.

Бояд иттилоъ дод, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб  аз  2 то 8 июли соли равон 46 нафар шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудагон, дар истироҳатгоҳи бачагонаи “Барқчиён” бистарӣ гардида, онҳоро муддати кутоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд.

Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад.

 

                                                                    Олимзода Орифҷон Олим

                                                          сардори бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Варзоб

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо