Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотикунӣ бо маром идома дорад

Барои ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо фаҳмонидани моҳияти фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи COVID – 19» мутахассисони ботаҷрибаву собиқадор ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ шомил карда шудаанд, ки соҳиби малакаи хуби сухан гуфтан дар байни омма ва фаҳмонида додани мазмуну муҳтавои ҳуҷҷату санадҳои гуногунро доранд. 

Дар умум давоми ҳафта дар миқёси вилоят ҳамагӣ 13 адад мулоқот бо иштироки 901 нафар шаҳрвандони гуногунсолу гуногункасб – муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуд. Дар ин самт махсусан сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Истиқлол, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Деваштич фаъол буданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ инчунин дар рафти баррасии муроҷиатҳои телефонию шифоҳии шаҳрвандон ҳам дар маркази маълумотдиҳии Раёсат, ҳам дар шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин радиф, бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан низ ҳафтаи равон корбариро дар ин самт оғоз намуд.

Раёсат дар самти мазкур минбаъд ҳам корбариро ҷоннок намуда, аз имкониятҳо босамар истифода мебарад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо