[:tj]Имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рўи ду нақшаи чорабиниҳо корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, босуръат ҷараён доранд. Дар давоми моҳи феврал аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо фарогирии 1200 нафар шаҳрвандон 4 маротиба вохўрию мулоқот гузаронида шуд.
Дар ин самт шуъбаи мазкур ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, МД «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ», МД «Маркази таълими калонсолон», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, шўроҳои бонувон ва фаъолони ҷамъиятӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Дар рафти вохўрию мулоқотҳо асосан масъалаҳои мубориза бо экстремизму терроризм, бемориҳои гузаранда, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати меҳнатӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, фаҳмонидани моҳияти Фармони Президенти Федератсияи Россия вобаста ба чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ва дигар мушкилоти муҳоҷирон баррасӣ мешаванд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара[:]