Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

[:tj]Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо дар самти бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории босамарро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар доираи ин ҳамкорӣ айни замон дар шаҳру ноҳияҳо ташкил ва гузаронидани мулоқотҳо бо аҳолӣ идома дорад.

Ҳафтаи равон тибқи вазифагузориҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 семинари иттилоотӣ-маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст. 5 июн  дар ҷамоатҳои деҳоти Ёва ва Ғозиён чорабиниҳои нақшавӣ доир шуданд, ки як қисми муайяни иштирокчиёнашон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буданд.

Чуноне,  ки мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умед Султонов иттилоъ дод, дар ин ду мулоқот зиёда аз 130 нафар иштирок намуданд. Мавзўи асосии сўҳбат пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоиии масунияти одам (ВНМО), муқовимат бо эктремизм ва терроризм, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол ва муҳоҷирати бехатар буд.

 

                                                              Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                      дар ноҳияи Б. Ғафуров

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо