Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Шаҳритус

Бо мақсади пешгирӣ аз қонуншиканӣ ва сарсону саргардон шудан дар қаламрави Федератсияи Россия масъулини бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳритус бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ мондаанд.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, чунин як вохӯрии судманд дар шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва касбомӯзони филиали МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» ва ҳайати кормандони он баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот вобаста ба қарори Ҳукумати Россия, ки муҳоҷирон – шарвандони Тоҷикистонро вазифадор кардааст, то 30 июн буду боши худро дар қаламрави ин кишвар қонунӣ гардонанд ва ё қаламравашро тарк кунанд, суолу ҷавобҳо сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки муҳоҷирон бояд пеш аз сафар қоидаҳои буду бошро дар ин кишвар донанд. Вақти ворид шудан ҳуҷҷатҳои хешро ба расмият дароранд, то ба мушкилӣ дучор нашаванд.

Аз ҳозирин даъват шуд, дар ин бора бо шиносон ва наздикон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, дар тамос шуда фаҳмонанд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста дар ноҳия гузаронида мешавад.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо