Масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон вобаста ба вазъи муҳоҷират, қонунгузорӣ ва қоидаҳои буду бош дар қаламрави Федератсияи Россия пайваста суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Тавре сардори шуъбаи мазкур Умаралӣ Бегмуродов иттилоъ дод, чунин як вохӯрии судманд дар китобхонаи марказии ноҳия бо аҳли кормандон ва хонандагони ин китобхона баргузор шуд.
Дар ҷарайёни вохӯрӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун фаъолияти худро ба расмият надаровардаанд ва дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва муҳлати будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.
Дар идомаи суҳбат, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо хешу пайвандон ва ёру дӯстони худ, ки айни замон дар қаламрави Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, дар тамос шуда, муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россияро ба онҳо расонанд ва барасмиятдарории фаъолияти меҳнатии худро дар ин кишвар расмӣ гардонад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар вохӯриҳои мазкур масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо фаҳмонида мешавад. Инчунин, дар ҷараёни вохӯриҳо маводҳои иттилоотию – фаҳмондадиҳӣ мунтазам паҳн мегардад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз иштирокдорон даъват шуд, ки ба хешу наздиконашон фаҳмонанд, ки айни замон тавассути Ҷумҳурии Қирғизистон парвоз накунанд, зеро ин кишвар вуруди шаҳрвандони моро ба қаламраваш манъ кардааст.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират