Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои фармони Президени Федератсияи Россия дар мавриди барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия дар бинои Хадамоти муҳоҷират, кормандони Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро пурзур намуда, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ мулоқоти судманд баргузор намуданд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба он ҷалб намуданд, ки онҳо ба ёру дӯстон ва хешу ақрабои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд дар тамос шуда, риоя намудани қонунгузории кишвари қабул дар самти муҳоҷират ва  бо гирифтани патент қонунӣ кору фаъолият намуданро хабар диҳанд.

Кормандони масъули Раёсат ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои  мушаххас дода, маълумотнома пешниҳод намуданд. Шаҳрвандон метавонанд, ки тариқи почтаи info@infomuhojir.tj ё саҳифаи Хадамот дар шабакаҳои иҷтимоӣ (дар Фейсбук “Хадамоти муҳоҷират/Миграционная служба”) саволҳои худро матраҳ сохта, ба пурсишҳои худ посух гиранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.

Агар муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Россия будубоши худро то 15 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.

Рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст.

Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо ҷиҳати расмикунонии будубошашон дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед:

1. ш. Душанбе: 225058; 2210840, 2210834
2. ВМКБ 8(3522)-2-29-76 ; 2-29-76
3. в. Суғд 8(3422) -6-52-99: 6-31-99
4. в. Хатлон 8(3222)-2-38-08; 2-43-00

Илова бар ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд ба кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Федератсияи Россия бо суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049,  +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;
2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;
6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
7. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
8. ш. Астрахан: +7(977)2720001.

E-mail: predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru
E-mail: info@mehnat.tj

Бояд гуфт, ки корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ вобаста ба барасмиятдарории будубоши фаъолияти муҳоҷирон дар Федератсияи Россия  дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маром идома дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо