Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳраки Нефтобод

[:tj]Дар доираи ҳамкории Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ санаи 05.12.2017 дар Ҷамоати шаҳраки Нефтобод мулоқот бо аҳолӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд, ки як қисми муайянашон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо буданд. Мавзӯи асосии мулоқот муқовимат бо эктремизм ва терроризм буд.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси Ҷамоати шаҳраки Нефтобод Назиров И. кушода шуд. Сипас намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ И. Мирзоев вобаста ба мавзӯъ суханронӣ намуда, дар симои иштирокчиён аҳли ҷомеаро ба муттаҳидӣ ва ҳушёрии сиёсӣ даъват кард.

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Бобоев Ғ. ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар маълумот дод.

 

                                                                 Шуъбаи ХМ дар шаҳри Исфара [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо