Корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд

[:tj] 

 

Давоми ҳафтаи равон ҳам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ташаббуси сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ гузаронида шуд.

Аз ҷумла, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Айнӣ дар ҷойҳои серодам, назди бозору марказҳои калони тиҷоратӣ, нуқтаҳои хизматрасонию  хӯроки умумӣ ва истгоҳҳо бо шаҳрвандон вохӯрда, ташвиқоту тарғибот бурданд ва ба онҳо маводҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дастрас карданд.

Дар рафти мулоқот ва суҳбати озод диққати шаҳрвандон бештар ба масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии “Коронавирус” ва омодагӣ ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷалб карда шуд.

 

                                                                             Мардон ҚУРБОНОВ 

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо