[:tj]
Кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар самти пешгирии падидаю ҳодисаҳои номатлуб тибқи муқарраротӣ нақшаи чорабиниҳо дар моҳи сипаригашта 12-то вохӯрӣ оиди ба пешгирии “Коронавирус” баргузор намуданд.
Тавре дар суҳбат директори марказ Умедахон Хошимова иброз дошт, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот яке аз самтҳои асосии фаъолияти марказ дар вилоят мебошад. Дар ин самт ҳамкориро бо шуъбаю бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, кумитаҳои маҳаллаҳо, ҷамоатҳо ва фаъолони ҷомеа ба роҳ мондаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин чорабиниҳо шумораи иштироккунандагон – 375 нафарро ташкил дод. Инчунин, ба иштирокчиёни вохӯриҳо дастуру ёддоштҳо ва буклетҳои марказ бо теъдоди 375 адад тақсим карда шуд.
Айни замон аз тарафи марказ ба ҳавасмандон 11 роҳхат барои кортаъминкунӣ дода шуд. Аз ҷумла, ба 7 нафар шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ барои кортаъминкунӣ роҳхат дода шуда, 3 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар баргузории ин чорабиниҳо ҳиссаи кормандони марказ, аз ҷумла ҳуқуқшинос Мирзоалиева З.М, мутахассисон Каримов И.С. Халифазода ва Ф. Раҷабов калон мебошад.
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз
сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд
[:]