Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз КОВИД -19

[:tj] 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси дастуру супоришҳои Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии КОВИД – 19 ва амалӣ намудани қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилагирии иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои яккарата ва бисёркарата, истифодаи дастпӯшакҳои муҳофизатӣ ва риояи ҳатмии дигар қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар нақлиёт, кӯчаву бозорҳо, марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои серодам суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Аз ҷумла, чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳану автомобилгард, бозори «Панҷшанбе», боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар боғу гулгашту ҳудуди бозорҳои шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардиданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокиноне, ки барои хариди маводи озуқаворӣ ворид мегарданд ва бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор мекарданд, ниқобҳои ройгон тақсим карда, маводҳои пешгиркунандаи тавсиявӣ аз «Коронавирус», риояи гигиенаи ҳаррӯза ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худмуҳофизатнамоӣ аз ҷониби масъулин расонида шуд.

Зикр гардид, ки МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва КИ ҲХДТ дар чунин ҳолати ҳассос ва вазъияти баамаломада мекӯшад, ки ҳамеша барои беҳдошт ва эмин нигоҳ доштани саломатии сокинони вилоят аз бемориҳои сироятӣ, ба хусус «Коронавирус», дар паҳлуи мардум қарор дошта, онҳоро бо маводҳои тиббӣ ва тавсияҳо доир ба пешгирии КОВИД – 19 дар шакли ройгон таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд, ки аз ҷараёни онҳо ба шумо иттилоъ хоҳем дод.

                                   МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                                                аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш.Хуҷанд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо