Корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзур карда шуд

[:tj]Ҳамарўза кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ пурзур намуда, омодаанд ба онҳо кумак намоянд.

Он нафароне, ки оид ба қоидаҳои будубош дар кишвари Федератсияи Россия ба шуъба муроҷиат мекунанд, ба саволҳо ва масъалаҳои рўзмарра таври мушаххас посух гирифта, инчунин ба онҳо барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани Сертификат, патент, қайди муваққатӣ, суғуртаи тиббӣ ва ғайра маълумот дода мешавад.

Айни замон дар шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе руйхати шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба кишвари Федератсияи Россия манъ карда шудааст, мавҷуд мебошад.

Аз ин лиҳоз, щуъба ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ҳатман ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намуда, маълумоти заруриро дастрас намоянд.

                                                          Исмоил Бегаков

сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо