Корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзўр карда шуд

[:tj]Имрўзҳо кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ пурзур намуда истодаанд.

Кормандони масъули Шуба Фаридун Раҳматов ва Исмоил Бегаков дар басти кории худ бо даҳҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Русия доранд, вохўриҳо барпо намуда, сўҳбатҳои муфид мегузаронанд. Ҳамарўза пеш аз ворид шудани муҳоҷирон ба толорӣ аз қайди гумрук ва сарҳадот гузаштан, онҳо бо ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар алоҳидагӣ оид ба будубош, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо намуда, ба онҳо буклетҳо тақдим намуда, онҳоро дубора водор месозанд, ки қонунҳои будубоши ин кишварро дидаву дониста вайрон накунанд.  Пеша аз ҳама, онҳо баъди ба қаламрави Русия ворид шудан, ҳатман гирифтани патентро фаромўш накунанд, то ин ки дар қаламравӣ ин кишвар ошкоро (легально) кору фаъолият намоянд.

Мутаассифона, имрўзҳо бо сабабҳои гуногун бархе аз шаҳрвандони мамлакат аз ворид шудан ба ин кишвар аз тарафи сохторҳои қудратӣ манъ карда мешавад. Сабаби асосии берункардашудани онҳо ин вайрон намудани қонунҳои будубош дар ин кишвар мебошад. Акнун, тибқи қонунгузории Федератсияи Русия қонунвайронкунандагон ҳуқуқи аз се то панҷ сол ворид шудан ба минтақаҳои Русия маҳруманд.

Бори дигар ба шаҳрвандони мамлакат расониданием, ки аз 1 январи соли 2015 тибқи қонунгузории Федеролии Русия ҳатман аз фани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР имтиҳонот месупоранд. Шахсоне, ки онро бомуввафақият аз худ мекунад соҳиби Сертификат гардида, ҳуқуқи  гирифтани патент мегардад.

Аз ин лиҳоз,  Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар ба кишвари Федератсияи Русия ҳатман аз забон, таърих ва қонунгузории он бархурдор буда, баъд ба сафар бароянд. Дар ҳолати надонистани ин номгўъ аз сафари хеш худдорӣ намуда ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Шамшод Гулаҳмадов

сардори баст сармутахассиси  Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо