[:tj]
Тавре аён аст имрўзҳо дар миқёси ҷаҳон пандемияи коронавирус доман паҳн намуда, моро дучанд муваззаф мегардонад, ки чун ҳарвақта бо ҳамдигар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем ва неъмати бузургтарини арзишҳои инсониро боло гузошта, онҳоро аз даст надиҳем.
Аз ин рў, дастгирӣ намудани беморону ниёзмандон ва ба хусус табибон яке аз амали некукорӣ ва савоб арзёбӣ мешавад. Зеро аз доираи фазилатҳои фарди солим, ин иззату эҳтироми накукорӣ тақвияти равобити байни инсонҳо, аёдати беморон дасти кўмак расонидан ба ниёзмандон ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа мебошад, ки дар дини мубини ислом пайваста таъкид мегардад.
Бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш» – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 50 оилаи духтурони Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кумаки моддӣ аз қабили орд, равған, шакар ва биринҷ дастрас намуд.
Инчунин, дар доираи ин кумак ба Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон маводи зарурии тиббӣ аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ барои табибон, дастпушакҳои тиббӣ, маводи антисептикӣ, хлор ва ниқобҳои тиббӣ низ супорида шуд.
Вазъи кунунии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, моро водор менамояд, ки дар чунин вазъияти ногувору вазнин дар паҳлўи ҳам бошем ва то қадри имкон ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз намоем.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[:]